Фархор. Кормандони соҳаи маорифи ноҳия «Наврӯз»-и Аҷамро бо бунёди мактаби нав ва таъмиру тармими як зумра мактабҳои ноҳия истиқбол намуданд.

  Аз ҷумла, дар маҳалаи навбун-ёди мавзеи Ӯртабуз чор синфхона барои 200 ҷойи нишаст дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд.

 Ин имкон дод, ки дар ин ҷо мактаби  ибтидоӣ таъсис дода шавад. Инчунин муассисаҳои таълимии рақамҳои 16-17-14 аз таъмири хушсифати асосӣ бароварда шуданд.

 Ҳамзамон дар назди шуъбаи маорифи ноҳия, чуноне сарвари маорифчиён Ѓазалшо Сафарзода иброз дошт, бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкасб намудани ҷавонон курси кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунари бофандагӣ кушода он бо 20 адад дастгоҳи адрасбофӣ таъмин карда шуд. Айни замон дар ин курс 35 нафар духтарон ҳунар меомӯзанд.

  Дар ояндаи наздик чунин  курсҳои ҳунаромӯзӣ дар дигар ҷамоатҳо низ кушода хоҳанд шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11