Давлаталӣ Саид 30 марти соли 1970 таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисоди миллӣ хатм кардааст.
Солҳои 1988 – 1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Архангельски Федератсияи Россия хизмат намудаст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати мутахассиси идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вазифаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сардори Идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2005-2007 дар мансабҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2007-2009 дар вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония кор кардааст.
Аз соли 2009 то 2013 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2023 раиси вилояти Хатлон таъин гардид.
Бо ордени Шараф дараҷаи II ва медалҳои ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.