Имрӯз, 19 март, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати Хуталони ноҳияи Носири Хусрав синфхонаҳои иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст дар ду баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-ро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинобар сабаби зиёд шудани хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 эҳтиёҷ ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи мазкур ба миён омада буд.
Сокинони маҳал ва соҳибкорон сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 80 ҷойи нишастр соли 2024 ба нақша гирифтанд. Маблағи ҷалбгардида барои корҳои сохтмонӣ 650 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд. Инчунин, раиси вилоят махсус таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгӯинашаванда, вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омузгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Иқдоми сокинони маҳал ва соҳибкоронро раиси вилоят намунаи олии ватандорӣ арзёбӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон