Файзуллозода Заробиддин Қудрат 13 феврали соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик ва таҳсилоташ олӣ. Соли 1989 Донишкадаи политехникии Тошкентро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи кӯҳкорӣ хатм кардааст.
Солҳои 2019-2020 ба ҳайси вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 3-юми ноябри соли 2020 ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъйин гардид.