Абдусаломзода Анзурат Абдусалом

Абдусаломзода Анзурат Абдусалом 3 майи соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик ва таҳсилоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва соли 2013 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Унвонҷӯй, донандаи забонҳои хориҷӣ.

Аз 11 январи соли 2023 дар мансаби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор кардааст.

Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 30-юми январи соли 2024 ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъйин гардид.

Related Articles