Мирзозода Музаффар Бурҳон 10 октябри соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик ва таҳсилоташ олӣ.

Соли 1993 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси зооинженер, иқтисодчӣ хатм кардааст.

 

Аз 16 октябри соли 2023 дар вазифаи раиси ноҳияи Ховаланги вилояти Хатлон кор мекард.

Донандаи забонҳои хориҷӣ.

Мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 30-юми январи соли 2024 ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъйин гардид.