Имрӯз, 26 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаҳои морифи шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Масъалаҳои Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 майи соли 2023, №94 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмуии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, “Ҳисоботи сардорони раёсатҳои Муассисаҳои давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Бохтар ва Кӯлоб “Оид ба рафти татбиқи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят”, “Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №№5, 8, Кӯшониён №16, Ёвон №33, Қубодиён №37, Фархор №58 ва таъин намудани интихобот”, “Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №№5, 8, Кӯшониён №16, Ёвон №33, Қубодиён №37 ва Фархор №58” дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, бонк, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, дар назди вакилони маҷлис ва фаъолони вилоят вазифагузорӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон