БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОСОРХОНАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОМИ “АВАСТО”

Имрӯз, 30 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар аз Осорхонаи вилояти Хатлон ба номи “Авасто” боздид намуданд.

Зимни суҳбат бо кормандон раиси вилоят онҳоро ба донистани таърих ва забонҳои хориҷӣ роҳнамоӣ намуда, ба роҳбарияти осорхона ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани кор ва рақамикунонии муассиса дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар осорхона ёдгориҳои таърихӣ, нигораҳои хурду бузурги қадима мавҷуданд, ки ҳар яки он аҳамияти таърихӣ доранд. Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» аз намунаи олии чунин осорхонаҳо буда, ҳоло дорои экспонатҳое мебошад, ки таърихи бою ғании моро бозгӯ мебошанд.

Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст.

Бо назардошти арзиши гарони таърихӣ доштани ашёҳои гирдовардашуда, раиси вилоят масъулинро вазифадор намуданд, ки ба хотири ошно намудани шаҳрвандони кишвар, насли наврасу ҷавон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо таъриху тамаддуни бой, фаъолияти осорхонаро бештар тарғиб намуда, мутахассисони беҳтаринро барои муаррифии гӯшаҳои он ҷалб намоянд.

Таъкид шуд, ки ҷиҳати ҷалби бештари тамошобинон ба сайри осорхона, ошно намудани наврасону ҷавонон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллӣ ба воситаи ёдгориҳои ба намоиш гузошташуда корбарӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles