РОССИЯ: ДИДОРУ МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОН

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои миёни вилоятҳо ва баимзорасонии Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон рӯзҳои 21-24 июни ба шаҳри Санкт-Петербурги вилояти Ленингради Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом доданд.

Гурӯҳи корӣ дар Маркази рушди саноат вохӯрӣ бо ҳайати соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ мулоқот анҷом доданд.

Маҷлисро муовини сардори Раёсати сиёсати саноатӣ ва инноватсияи Кумитаи рушди иқтисод ва фаъолияти сармоягузории вилояти Ленинград Константин Леонидович Загайнов ифтитоҳ намуд. Вай дар сухани ифтитоҳии худ аҳамияти рушди кооператсияи саноатӣ ва табодули таҷрибаро таъкид кард.

Роҳбари ҳайат, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, пеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзӣ суханронӣ намуданд.

Раиси вилоят зикр намуданд, ки вилояти Хатлон беш аз 40 дарсади аҳолии кишварро дар бар гирифта, иқтидори истеҳсолӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳими давлатӣ зиёд мебошад. Хусунан, беш аз 60 фисади маҳсулоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамзамон ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он содирот мемоянд.

Ҷонибҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо, рушди соҳаи кишоварзӣ, бандубасти маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар табодули афкор намуданд.

Корхонаҳои вилояти Ленинград лоиҳаҳои содиротии худро ба аъзоёни хайати вакилон мухтасар пешниҳод карданд. Таваҷҷуҳи бештарро пешниҳодҳо ба соҳаи сохтмон ва таҷҳизонидани инфрасохтори анборҳо дода шуд.

Вохӯрӣ бо аксбардории муштарак анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles