РОССИЯ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРХОНАИ “АРТЕКС”

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кориашон ба Федератсияи Россия дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград аз корхонаи “Артекс” боздид намуданд.

Корхонаи “Артекс” яке аз истеҳсолкунандагони маъруфи Россия буда, зардевориҳо бо акс, мусаввараҳои ороишӣ истеҳсол намуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Масоҳати маҷмааи истеҳсолӣ 24,000 м², майдони умумӣ 50,000 м² аст. Шумораи кормандон 500 нафар буда, аз оғози сохтмони корхона то баровардани маҳсулоти аввалин 1 сол гузаштааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолият ва иқтидори корхона шинос гардида, бо роҳбарияти он дидору мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳо, табодули таҷриба, технологияи коркард ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles