МАРҲАБО, БА ХАТЛОН!

Дар Форуми байналмилалии сайёҳии “Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ”, ки 20 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад, иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ, доираҳои соҳибкориву сармоягузорӣ ва шарикони рушд аз хориҷи кишвар, ҳамчунин соҳибкорони ватанӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар назар аст.

Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, форуми мазкур заминае барои табодули афкор, пешниҳоди идеяҳои нав, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкории судманд дар соҳаи сайёҳӣ хоҳад буд.

– Вилояти Хатлон дорои захираҳои беназири табиӣ, таърихиву фарҳангӣ ва шароити мусоиди экологӣ буда, имкониятҳои фарохе барои густариши намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии фарҳангиву таърихӣ, экологӣ, аграрӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор пешниҳод мекунад, – гуфт Б. Диловар, мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ.

http://khatlon-ruznoma.tj/hokimiyati-davlati/5619-marabo-ba-hatlon.html

Related Articles