Имрӯз, 17 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот бунёд гардида, аз 12 синфхонаи иловагӣ барои 600 нафар дар ду баст иборат мебошад.
Зикр бояд намуд, ки хонандагони муассисаи мазкур аз нарасидани ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд.
Ҳар як синфхона бо мизу курсӣ ва айёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Хонандагон имкон доранд, ки дар синфхонаҳои тозаю барҳаво таҳсили илм намоянд.
Раиси вилояти Хатлон зимни вохӯрӣ бо омӯзгорон таъкид намуданд, ки хонандагонро дар рӯҳияи маърифатпарварӣ, инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия намуда, ба онҳо дар омӯзиши фанҳои дақиқ масъулияти баландро дарк намуда, дар оянда ҷавонони болайёқати ҷомеаи имрӯзаро ба воя расонанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон