Ба диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон расонида мешавад, ки Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум рӯзи 26 июни соли 2025, соати 8:00 дар шаҳри Бохтар бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:
1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 майи соли 2023, №94 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмуии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.
2. Ҳисоботи сардорони раёсатҳои Муассисаҳои давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Бохтар ва Кӯлоб “Оид ба рафти татбиқи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят.
3. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №№5, 8, Кӯшониён №16, Ёвон №33, Қубодиён №37, Фархор №58 ва таъин намудани интихобот.
4. Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Кӯлоб №№5, 8, Кӯшониён №16, Ёвон №33, Қубодиён №37 ва Фархор №58.
5. Масъалаҳои ҷорӣ.
Шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон