Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шаҳритус аз нашъунамои пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов аз хоҷагии деҳқонии ба номи Исмоили Сомонӣ ва Хуршед дидан намуданд.
Саҳмдорони хоҷагӣ имсол кишти зери плёнкаро ба роҳ монда, интизории онро доранд, ки ҳосили дилхоҳи пахтаро ба даст биёранд. Дар хоҷагиҳои номбурда ҳар як қитъа замин самаранок истифода шуда, кишти ҷуворимакка ва дигар навъи зироатҳоро ба роҳ мондаанд, ки айни ҳол нашъунамои хуб доранд.
Ҳамчунин раиси вилоят аз рафти захираи пиёзи барвақтӣ дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 385 тонна пиёзи барвақтӣ захира карда шудааст.
Раиси вилоят ба масъулини ноҳия дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба содирот машғул шаванд.
Ҳамчунин дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти сохтмони иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла фабрикаи паррандпарварӣ барои парвариши 30 ҳазор сар мурғ дидан намуда, ба масъулини корҳои сохтмонӣ дастур дода шуд, ки бо талаботи замони мусоир ва дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор дода шаванд.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи коркарди пахта барои 13 ҳазор тонна дар мавсим ва аз рафти бунёди корхонаи истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ дидан намуданд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмониро дар асоси талаботи мавҷуда ба роҳ монанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон