МИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАДИ РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои миёни вилоятҳо ва баимзорасонии Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рӯзҳои 21-24 июни ба шаҳри Санкт-Петербурги вилояти Ленингради Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом доданд.

Дар бинои ҳукумати вилояти Ленинград мулоқоти ҳайати вилояти Хатлон бо губорнатор Александр Дрозденко баргузор гардид.

Сипас, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба имзо расид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.

Мақсади Созишнома густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад.

Тасвиби санади мазкур ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки ҳамкориро бо вилояти Ленинград дар соҳаҳои саноат, савдо, сармоягузорӣ, энергетика, самаранокӣ ва сарфаи нерӯи барқ, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, комплекси агросаноатӣ, рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии иқтисодӣ, васоити ахбори омма, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, маориф, илм ва техника ва фаъолияти инноватсионӣ ба роҳ монад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles