ГУЛГУЗОРӢ ДАР ЁДГОРИИ ХОТИРАИ ҚУРБОНИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кориашон ба Федератсияи Россия бар пояи ёдгории хотираи шаҳрвандони СССР – қурбониёни наслкушии фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 гул гузоштанд.

Ёдгорӣ дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград воқеъ буда, дар ин ҷо солҳои ҷанг лагерҳои асирон воқеъ гардида буданд. Дар давраи истило дар лагерҳои Гатчина қариб 80 ҳазор асир ҳалок шуданд.

Пояи ёдгорӣ 47 метр буда, дар болои он симои модаре гузошта шудааст, ки дар лаҳзаи охирин талош дорад фарзандонашро наҷот диҳад. Дар паҳлуи муҷассама 150 ҳайкалҳои одамони ҳақиқии ноҳияҳои Россия, ки аз дасти фашистон ҳалок шудаанд, гузошта шудаанд. Ба шарафи онҳо оташи абадӣ фурӯзон аст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles