ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 20 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Шаҳритус, Дӯстӣ, Носири Хусрав ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2024 баён гардиданд, суханронӣ намуданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилоят масъалаҳои кишти пахта, аз ғузапоя тоза намудани заминҳо, интихоби тухмии босифати ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, обтаъминкунӣ, яхобмонӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, кишти баҳорӣ, мубориза бар зидди малах, истеҳсоли моҳӣ, баргузории ҷашни Сада, соҳаи саноат, супоридани андоз, омодагӣ ба даъвати баҳории наваскарон, нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, сифати иншооти ҷашнӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳо тариқи телевизионҳо ва дигар расонаҳо, баргузории озмуну маҳфилҳо бахшида ба Соли фарҳанги китобхонӣ ва соҳаҳои маориф ва тандурустиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles