Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Самариддин» боздид намуда, дар маъракаи оғози кишти пахтаи зери плёнка дар хоҷагии деҳқонии “Аъзамҷон-2022” иштирок намуданд.
Назаров Ойбек роҳбари хоҷагии деҳқонии “Аъзамҷон-2022” иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии хоҷагӣ 10 гектар буда, дар майдони 1 гектар пиёзи барвақтӣ, 2,5 гектар гандум ва 6,5 гектар пахтаи зери плёнка кишт намудааст. Саҳмдорони хоҷагӣ 10 нафарро ташкил медиҳанд.
Ғафуров Далерҷон роҳбари хоҷагии деҳқонии “Самариддин” иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии хоҷагӣ 10 гектар буда, дар майдони 2,5 гектар пиёзи барвақтӣ, 1 гектар гандум ва 6,5 гектар пахтаи зери плёнка кишт намудааст. Саҳмдорони хоҷагӣ 4 нафарро ташкил медиҳанд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ аз нашъунамои зироати кишоварзӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам такрорӣ аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд. Раиси вилоят бо хоҷагидорон суҳбат ороста, барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишрварзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон