Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи барвақтӣ ва сирпиёз дар хоҷагии деҳқонии «Хоҷа-Муъмин» боздид намуда, дар маъракаи оғози кишти пахтаи зери плёнка дар Муассисаи давлатии стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ “Авесто” иштирок намуданд.
Баротов Қурбон роҳбари хоҷагии деҳқонии «Хоҷа-Муъмин» иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии хоҷагӣ 45 гектар буда, дар майдони 5 гектар пиёзи барвақтӣ корида, 250 тонна ҳосил ба даст меорад. Инчунин, дар 1,5 гектар полезӣ, 10 гектар гандум, 15 гектар юнучқа корида, дар масоҳати 1,5 гектар боғ ташкил намудааст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ аз нашъунамои зироати кишоварзӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам такрорӣ аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд. Раиси вилоят бо хоҷагидорон суҳбат ороста, барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишрварзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Раиси вилоят дар Муассисаи давлатии стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзии “Авесто” дар маъракаи оғози кишти пахтаи зери плёнка иштирок намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ дастуру супоришҳо доданд.
Абдуллоев Зайдулло роҳбари Муассисаи мазкур ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки замини хоҷагӣ 39,3 гектар буда, дар 35 гектар замини корами обӣ кишти пахта 20 гектар, ғаладонагиҳо 10 гектар, боғ 1 гектар ва дар 3 гектари он юнучқа кишт кардааст. Айни замон хоҷагидор дар майдони 5 гектар замин кишти пунбадонаи зери плёнкаро ба роҳ мемонад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон