ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Шоғарави ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 шинос шуданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии сеошёна бо таҳхона барои 1500 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маликов Зафар бо маблағи зиёда аз 1 миллион долари амрикоӣ сохта мешавад.

Бинои муассиса дорои 24 синфхона, маҷлисгоҳ, ду кабинети технология барои духтарон, ошхона, китобхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сохтмончиён ва масъулин ҳамсуҳбат шуда, таъкид намуданд, ки корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашниро вусъат бахшида, бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар ободу зебо гардонидани деҳаву маҳаллаи худ саҳми арзанда гузоранд. Инчунин, иқдоми соҳибкори маҳаллиро ҷиҳати бунёди муассисаи таълимӣ шоистаи таҳсин хонданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles