Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён майдончаи варзиширо ба истифода доданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва муҳаё намудани шароити боз ҳам беҳтар барои солимии ҷомеа мавриди истифода қарор гирифт.
Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳимов Собир бо маблағи 320 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ҷавонону наврасони маҳал зикр намуданд, ки ба бозиҳои варзишӣ дар вақтҳои холигӣ машғул шудан яке аз роҳҳои муфиди пешгирӣ аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ақидаҳои итиҷоӣ мебошад.
Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, раиси вилоят аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд. Пас аз мулоқот раиси вилоят ба наврасон тӯҳфаҳо супориданд.
Дар маҷмӯъ, соли 2024 барои рушди соҳаи варзиши вилоят 170 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида, аз ин 47 миллион сомонӣ ба рушди футбол равона карда шуд, ки 28 фоизи маблағгузории соҳаи варзиши вилоятро ташкил медиҳад.
Давоми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи футбол 52 миллион сомонӣ (таъмир ва нигоҳдории дастаҳо) масраф гардида, дар муқоиса ба соли 2023 – 37 миллион сомонӣ ё 3,7 баробар зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон