МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 14 июл, таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2025 мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Ҷаласа бо иштироки роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони ВАО доир гашта, натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи сохторҳои мухталиф ва ташаккули самтҳои афзалиятноки рушд дар нимаи дуюми сол буд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд намуданд, ки дар натиҷаи фаъолияти муназзами мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сохторҳои он нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2025 бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карда шуд.
Дар гузориши муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода зикр гардид, ки дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди воқеии он 7,9 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди ҷумҳурӣ 24,1 фоизро ташкил медиҳад.
Суръати рушди иқтисоди минтақа асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10,4 банди фоизӣ, саноат 6,3%, гардиши савдо 7,7%, хизматрасонии пулакӣ 5,9%, боркашонӣ 7,4% ва мусофиркашонӣ 5,7 банди фоизӣ таъмин гардидааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 нақшаи қисми умумии даромади буҷети вилоят 100 фоиз иҷро гардида, воридоти маблағҳо 2,19 миллиард сомониро ташкил дод.
Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,2 фоизро ташкил дода, ба буҷет 1 миллиарду 563,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 18,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки нақшаи қисми умумии хароҷоти буҷети вилоят ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар сатҳи 96 фоиз таъмин гардида, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 2 миллиарду 162 миллион сомонӣ равона гардидааст.
– Мониторинги иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон нишон медиҳад, ки ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар доираи тадбирҳои андешидашуда 182 лоиҳа ба маблағи 5,6 миллиард сомонӣ ё 76 фоиз иҷро гардида, дар 81 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд, – идома дод А. Абдусаломзода.
– Татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2021-2025 низ ҷараён дошта, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо тамоюли мусбат дорад, аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо раванди иҷрои онҳо андешидани тадбирҳои мушаххасро тақозо менамояд.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки бо мақсади рушди соҳаҳо дар нимсолаи аввали соли равон ташкилотҳои қарзию молиявии вилоят ба самтҳои гуногуни иқтисодӣ 2 миллиарду 912,3 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,1 фоиз (638,7 млн. сомонӣ) зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағи умумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 684,1 млн. сомонӣ (23,5%), саноат 111,2 млн. сомонӣ (3,8%), сохтмон 77,3 млн. сомонӣ (2,6%), нақлиёт 10,9 млн. сомонӣ (0,4%), хўроки ҷамъиятӣ 4 млн. сомонӣ (0,1%), хизматрасонӣ 208,4 млн. сомонӣ (7,2%), савдои хориҷӣ 292,9 млн. (10%), истеъмолот 1,5 млрд сомонӣ (51,3 %) ва дигар соҳаҳо 29,7 млн. сомонӣ (1%) равона карда шудааст.
Аз маблағи умумии қарзҳои додашуда 1,4 млрд сомонӣ (48,3%) ба соҳибкорон, аз ҷумла 913,3 миллион сомонӣ ё 64,4 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ ба ҳолати имрӯза 859 миллион доллар маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдо дар вилоят ба 8 млрд. 55 млн. сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 1 млрд. 418,2 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 8 ва 6 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллари америкоӣ баробар гашт, ки аз он 82,3 миллион доллар ё 39 фоиз содирот ва 127,8 миллион доллар ё 61 фоиз воридоти молу маҳсулотҳо мебошад.
Дар ин давра аз вилоят бештар содироти семент (31,1 ҳазор тонна), матоъ (1038 тонна), гаҷкартон (57,5 тонна), бензин (1590 тонна) зиёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2025 дар вилоят 32431 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, аз ҷумла аз ҳисоби шахсони воқеӣ 30895 ҷой ва аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 1536 ҷойро ташкил медиҳад (ҷойҳои кории доимӣ – 5838, муваққатӣ – 7649, мавсимӣ – 18853, иловагӣ 88 ва барқароршуда – 3 ҷой).
Аз ҳисоби баргузории 176 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2119 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 2281 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд.
Ба ҳолати 1 июни соли 2025 музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 2192 сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,4 фоиз зиёд буда, дар соли ҷорӣ қарздории музди меҳнат ба қайд гирифта нашуд.
Дар ҷаласа оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ маълумот дода шуд, ки дар нимаи якуми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 14 миллиарду 69,6 миллион сомонӣ баробар шудааст. Аз ҷумла, рушди соҳаи растанипарварӣ 11,3 банди фоизӣ, чорводорӣ 6,8 банди фоизӣ ва моҳипарварӣ 5,1 банди фоизӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 502 515 тонна ғалладонагиҳо, 175 836 тонна картошка, 947 394 тонна сабзавот, 577 417 тонна полезиҳо, 136 035 тонна меваҷот, 3234 тонна ангур, 50054 тонна гўшт, 169 983 тонна шир, 65,4 миллион дона тухм, 3575 тонна пашм, 136,4 тонна пилла, 331,3 тонна асал ва 1078,6 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Нисбати ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 4680 тонна, картошка 2087 тонна, полезӣ 182 194 тонна, меваҷот 44 580 тонна, ангур 553 тонна, гўшт 4 941 тонна, шир 1431 тонна, тухм 582,4 ҳазор дона, пашм 172 тонна, асал 8,8 тонна ва моҳӣ 61,5 тонна зиёд гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 346 299 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 104,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, кишоварзони вилоят дар майдони 123 037 гектар кишти пахта гузарониданд, ки 98,8 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3597 гектар зиёд мебошад.
Ҷиҳати таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, мувофиқи маълумоти фаврии сарраёсати кишоварзии вилоят, дар нимсолаи аввал дар майдони 2469,2 гектар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ кишти сабзавотҳо гузаронида шуда, дар ин давра 19 778,6 тонна помидор, 24 772,3 тонна бодиринг ва 24 767,6 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол карда шудааст.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва аз як қитъаи замин гирифтани ду ва ё зиёда аз он ҳосил, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 63 544 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 370 гектар зиёд мебошад.
Кишоварзони вилоят ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда соли ҷорӣ дар майдони 46 га боғу токзорҳои нав бунёд намуда, 142 гектар боғу токзорҳо барқарор карда шуданд.
Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути ҳамаи гузаргоҳҳои гумрукии ҷумҳурӣ 37 906 тонна маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар содирот гардидааст, ки аз ин 5,2 ҳазор тонна ба воситаи гумруки вилоят ва 32 662 тонна тавассути гузаргоҳҳои гумрукии вилояти Суғд ва шаҳри Турсунзода содирот шудааст.
Зикр гардид, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани корҳои кабудизоркунӣ, ободонии гулгашту хиёбонҳо дар давраи ҳисоботӣ 717 523 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, мевадиҳанда шинонида шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Вобаста ба рушди соҳаи саноат қайд гардид, ки корхонаҳои саноатии вилоят дар 6 моҳи соли 2025 ба маблағи 5 миллиарду 627,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 634 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 6,3 фоиз таъмин намуданд. Ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 19 фоизро ташкил додааст. Дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят ҳиссаи саноати истихроҷ 158 фоиз, саноати коркард 105,1 фоиз, истеҳсол ва таъминоти неруи барқ 117,7 фоиз ва дигар маҳсулотҳо 107,1 фоизро ташкил дод.
Дар давоми 6 моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 42 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 278 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар вилоят бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 6260 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 5479 иншоот бунёд шудааст, ки 87,5 фоизи нақшаро ташкил мекунад.
Дар миқёси вилоят, дар умум ба масофаи 1420 километр роҳҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи умумии 102,7 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла 103,4 километр таъмири асосӣ, 956,5 километр таъмири ҷорӣ, 360 километр сангфарш ва 82 адад пулу қубурҳо таъмиру азнавсозӣ шуданд.
Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон 99,3 километр роҳ таъмири асосӣ, 12,6 километр таъмири ҷорӣ, 326 километр роҳҳо сангфарш ва 37 адад пулу қубурҳо ба маблағи 84,2 млн. сомонӣ таъмир ва азнавсози гардидаанд.
Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва фаъолияти самараноки соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Соли равон нишондодҳои иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ 800 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 255 адад зиёд гардид.
Бақайдгирии довталабон ба воситаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ соли равон дар вилоят аз ҳисоби хатмкунандагони имсола 85 ва бодарназардошти хатмкунандагони солҳои пешин (36054 нафарро дар бар гирифта) ба 91,5% баробар мебошад.
Дар соли таҳсили 2024-2025 фарогирии кудакон ба муассисаҳои томактабии вилоят ба 24,7% баробар гардида, (ба 177 адад расида, дар онҳо 21319 нафар кўдак ва дар 1268 марказҳои инкишофи кўдак 84144 нафар дар 4077 гурӯҳ) нисбат ба соли таҳсили гузашта 3,7 % зиёд аст.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии сокинони вилоят дар доираи эълон гардидани “Соли 2025 – Соли фарҳанги китобхонӣ” бо ташаббуси бевоситаи раиси вилоят таъмир ва таҷҳизонидани китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи 3 млн сомонӣ оғоз гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа дигар масъулон низ оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои рушди иқтисод, вазъи иҷтимоии аҳолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ҳисобот доданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз масъулин тақозо кард, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда, тақвияти истеҳсолот, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муассир андешида шаванд.
– Вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2025 дар баробари дастовардҳои назаррас дар самтҳои иқтисод, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон бо як қатор мушкилоту камбудиҳо рӯ ба рӯ аст, ки барои ислоҳи онҳо барнома ва чорабиниҳои мушаххас талаб карда мешаванд, – афзуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Дар анҷоми ҷаласа раиси вилоят аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор даъват ба амал овард, ки фаъолияти худро дар нимаи дуюми сол боз ҳам беҳтар намуда, дар татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва дастгирии бахши хусусӣ нақши фаъолона дошта бошанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки самаранокии идоракунии давлатӣ, ҳамкории зич бо ҷомеа ва ҷалби бештари сармоягузорӣ бояд дар меҳвари фаъолиятҳои минбаъда қарор дошта бошанд. Танҳо бо заҳмати дастаҷамъона ва масъулиятшиносӣ метавон ба ҳадафҳои муайяншуда дар самти рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят ноил гардид.

Навид
Раиси вилоят
Хабарҳои рӯз
МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
- 14.07.2025
- Latest Update: 14.07.2025 15:38
- 37
- Less than a minute
МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025
You can share this post!