БОХТАР. ТАҚДИМИ ТӮҲФА БА 300 НАФАР КӮДАК, 4 ҶУФТ ОИЛАИ НИЁЗМАНД ВА 25 АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ БА КӮДАКОНИ МАЪЛУЛ


Имрӯз, 18 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар шаҳри Бохтар дар ҷашни Наврӯзи байналмилалии маҳаллаи “Хатлон” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрик намуда, даъват карданд, ки барои ободии диёр ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша кӯшиш ба харҷ додан лозим аст.

Дар доираи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба 300 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат сару либоси идона, сечархаҳо ва кӯмакҳои молӣ ва ба 25 нафар маъюбон аробачаи маъюбӣ супорида шуд.


Инчунин, ба 4 ҷуфт домоду арӯс аз оилаҳои ниёзманд тӯҳфа ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти пурраи рузғор супорида шуд.

Ҳангоми баргузории чорабинӣ дар чойхонаи маҳалла (масҷид) барои сокинони маҳалла зиёфат (оши наҳор) омода шуда, дар варзишгоҳ барои 3000 нафар мизу курсӣ, 20 адад кати нишаст омода карда шуд ва дар 10 дег барои иштирокчиён хӯрокҳои миллӣ таҳия гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо кардааст.


Раиси вилоят ба соҳибкор барои иқдомҳои созандаву бунёдкорона изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки чунин иқдом аз он дарак медиҳад, ки сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорӣ меваҳои шаҳдбор дода истодааст ва итминон мебахшад, ки дар солҳои оянда низ мо шоҳиди корномаҳои созандаи соҳибкорон гардида, ҷашни ҳумоюнӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои беҳтарин истиқбол мегирем.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles