Имрӯз, 25 апрел, дар ноҳияи Вахш муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта бо иштироки раиси ноҳия Юусупов Қурбоналӣ, роҳбарони корхонаҳо, омор ва идораҳои ноҳия ҷаласа баргузор кард.
Дар ҷаласаи ҷамбастӣ фаъолияти корхонаҳо баррасӣ гардида, оид ба камбудиҳои ошкоргардида ба роҳбарияти ноҳия ва корхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои омода намудани корхонаҳои коркарди пахта ба мавсими соли 2024 ва дарёфт намудани маблағ барои хариди пахта дар соли ҷорӣ, фаъол намудани корхонаҳои бозмонда, пардохти маблағи барқ, арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда баррасӣ гардиданд. Инчунин, аз фаъолияти корхонаи нассоҷии истеҳсоли ҷӯроб дидан намудаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон