ТАТБИҚИ 20 ЛОИҲА ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ин нуқта дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр гардидааст. Аз ҷумла, соли 2022 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ … бомаром идома дорад. Бояд гуфт, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми неругоҳи «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

«Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба неругоҳи «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад. Инчунин, корҳои сохтмон дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд. Бо ин мақсад, дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд», — омадааст дар Паём.

Related Articles