НАҚШАИ АНДОЗҲО БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

Соли 2022 нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилояти Хатлон ба қадри 2 миллиарду 54,8 миллион сомонӣ ё 103% иҷро гардид.

Тавре ки аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, аз ҷумла нақшаи андозҳо баробари 1 миллиарду 711,7 миллион сомонӣ (103,7%) ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 308 миллион сомонӣ (100%) таъмин гашта, бақияи қарзи андозҳо ба 1 январи соли 2023 дар қиёс ба аввали соли гузашта 14,6 миллион сомонӣ коҳиш дода шудааст.

— Дар ин давра 87,5 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардиданд, — афзуд манбаъ. — Ҳамчунин, талаботи маблағи нафақапулиҳо, ки 1 миллиарду 57,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Сарчашмаи иттилоъ ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта 56693 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ҳисоби миёнаи музди меҳнат ба 1289,2 сомонӣ баробар гардид.

Related Articles