ҒАМХОРӢ БА ИНСОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, таҳлиле мебошад, ки тамоми натиҷаҳои рушд, муваффақияту музаффарият ва пешомадҳоро дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар бар мегирад. Зеро мардуми шарифи мамлакат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.

Аз Паём то Паём, сол аз сол дар Ватани азизамон мо шоҳиди навгониву дигаргуниҳо мегардем. Ҳамин аст, ки сокинони кишвар, тамоми қишрҳои ҷомеа имрӯзҳо нуктаҳои Паёми навбатиро бо рӯҳбаландии хоса қабул намуданд.

Паёмҳои Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали бунёдкориҳо, стратегияи муҳими рушду дурнамои кишвар, санаду дастури ҳадафманд, дар маҷмӯъ, як падидаи арзишманд дар ҳаёти сокинони кишвар маҳсуб меёбанд.

Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат аҳамияти баланди сиёсиву таърихӣ ва илмиро доро мебошанд. Зимни амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда ҳамасола дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ рўи кор меоянд, низоми ҳуқуқии кишвар таҳким меёбад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, сокинон ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд, дар маҷмӯъ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ рушд мекунанд. Ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинонамон мебошад. Пас аз Паёмҳои ҳамасолаи Роҳбари муаззами давлат метавон хулоса намуд, ки ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба инсон дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар Паёми имсола чун солҳои қаблӣ ба масъалаҳои соҳаи маориф, тарбияву ба камолрасонии насли солиму соҳибмаърифат, нақшу мавқеи насли ҷавони кишвар, баланд бардоштани мақоми бонувон дар ҷомеа, фарҳанг, варзиш ва тамоми бахшҳои дигари иҷтимоии ҷомеа Роҳбари давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва дар назди масъулон вазифагузориҳо намуданд.

Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”. Дар мавриди мавқеву манзалати омӯзгор Сарвари давлат андешарониҳои ҳикматомӯз карда, зикр намуданд, ки “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад…”

Тавре шоҳидем, дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои дастгириву баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гаштанд. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон чунин таъкид доштанд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем…”.

Дар мавриди тарбияи ҷавонон сухан ронда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки фарзандонро ба роҳи дуруст, анҷоми амалҳои хайру савоб, омўзиши илму ҳунар ва ободию созандагии ватани азизамон ҳидоят намудан ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як падару модар, мактабу маориф ва аҳли ҷомеа мебошад.

Воқеан, шароитҳо барои таҳсилу илмомӯзӣ ва тарбияву ба камолрасонии ҷавонон сол ба сол дар кишварамон бештар мегарданд. Аслан, мо дақиқтар ба масъалаи ҷавонон назар афканем, ғамхориҳои Роҳбари кишвар ба ҷавонон дар тамоми даврони соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам зиёданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавонамон, ба мушкилоти мавҷудаашон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста барои беҳбудии рӯзгори ҷавонон чораву тадбирҳо меандешанд.

Аз ин рӯ, илму касбомӯзӣ, ба варзишу тарзи ҳаёти солим рӯ овардан бояд хоҳишу майлу рағбати дӯстдоштаи ҳар як ҷавон бошад, дар ин роҳ монеа мавҷуд нест. Дар Паёму суханрониҳояшон Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад…”.

Бешак, ин суханҳо бояд роҳнамову дастури ҳар як ҷавон бошад, касби муайян доштану ҳунару қобилият, истеъдоду малака ҳамеша ҷавононро ба мақсадҳояшон мерасонад. Тавре дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид доштанд, “… бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад…”.

Ҳадаф аз таъкидҳои Сарвари давлат аз он иборатанд, ки падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, то наврасону ҷавонон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Бешак, дар шароити имрӯза, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, талабот ба омӯхтани донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва албатта донистани забонҳои хориҷӣ зиёд мегардад…

Умуман, бо хулоса аз навиштаҳои боло метавон натиҷагирӣ намуд, ки ҳидояту дастурҳои судманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола, бешак, шароитҳои боз ҳам бештарро барои зиндагии хуби сокинон фароҳам меоранд. Ҳама нуқтаҳо, масъалаҳое, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, хеле муҳиму бамаврид буданд ва ҳалли масъалаҳои номбаршуда, бешак, ҷиҳати расидан ба зиндагии боз ҳам беҳтару арзандаи сокинон мусоидат мекунад. Ва албатта, иҷрои масъалаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, шурӯъ аз масъулону сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҳар нафар, аз тамоми қишрҳои ҷомеа, кулли сокинони кишварамон масъулиятро талаб менамояд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола иброз доштанд: “Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд”.

Бешак, барои расидан ба ин ҳадафҳои олии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мо, аҳли зиё сарҷамъ ва ташаббускори амалҳои бунёдкорона бошем. Ҳар як сокини кишвар, ҳамарўза фаъолиятамонро баҳри боз ҳам афзун бахшидани дастовардҳои мамлакат равона созем.

Зарина Юсупова,
доктори илмҳои филологӣ

Related Articles