БОЗДИД АЗ КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛИИ “СОМОНҶОН”

16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам шинос шуданд.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам иттилоъ дода шуд, ки он соли 2009 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 70 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи агротехника дар майдони 25 гектар гелос, 4 гектар шафтолу, 2 гектар зардолу ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро, ки ба минтақа мутобиқ аст, парвариш менамоянд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон дар майдони 800 гектар гандум, 15 гектар зағер, 180 гектар ҷав, 190 гектар пахта, 52 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 34 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳама нашъунамои хуб доранд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Данғара #Danghara

Related Articles