Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаи Хатлон шинос шуданд.
Дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо кардааст.
Раиси вилоят нахуст пас аз таъмиру азнавсозӣ аз дарвозаи даромадгоҳи маҳаллаи Хатлон, роҳравҳо, кӯчаҳои маҳалла дидан намуда, дар муаррифии лоиҳаҳои бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи маорифу тандурустӣ, ниёзманд ва толори варзишии замонавӣ барои сокинони маҳалла иштирок намуда, санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои истиқоматӣ дар муддати 1 сол ва толори варзишӣ дар муддаи 6 моҳ сохта ба истифода дода мешавад.
Раиси вилоят аз иқдоми пешгирифтаи соҳибкор истиқбол намуда, ин амалро шоистаи таҳсин хонданд.
Инчунин, бо ташаббуси соҳибкор таъмири дарвозаи даромадгоҳи маҳалла (ороиши дарвоза бо нақшу нигори миллӣ), сафолакпӯш намудани ҳамаи роҳравҳои маҳалла, иваз кардани симчӯбҳо ба симчӯбҳои замонавӣ, ба пуррагӣ ба равшаннамоии замонавӣ таъмин кардани маҳалла, рангу бор кардани биноҳои баландошёна, ба пуррагӣ таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизотҳои таълимӣ таъмин намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, таъмиру азнавсозии биноҳои ёриасон (нонпазхона) дар назди биноҳои баландошёна, таъмири варзишгоҳи маҳалла пурра ба анҷом расида, бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ниёзманд ва толори варзишии замонавӣ барои ҷавонони маҳалла аз ҷониби соҳибкор ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят бо сокинони маҳалла суҳбат намуда, таъкид карданд, ки кӯчаву маҳаллаҳоро тоза нигоҳ дошта, фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намоянд. Инчунин, гуфта шуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, барои ҳифзи сулҳу амният камари ҳиммат баста шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон