Дар мавзеи гулгашти назди Муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов шаҳри Бохтар бо ташаббуси дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба моҳвораи ҷавонон таҳти унвони “Дар сиёсати Пешвои миллат устуворем” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, волонтиёрон, ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияи президентӣ иштирок доштанд.
Нахуст муовини раиси вилоят ба сухан баромада ба кори чорабинӣ оғоз бахшида, афзуд, ки тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими низоми давлатдории миллӣ ба шумор рафта, яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
– Пешвои миллат бо ифтихормандӣ аз насли ҷавони замони истиқлол ба савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқи онҳо баҳои сазовор додаанд, ки ин ташаббус аз мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, хоса ҷавонон масъулияти дучандро тақозо менамояд, – зикр дошт Абдусаломзода А.
Сипас масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иштирокчиёнро ба муносибати моҳвораи ҷавонон табрик гуфта, зикр дошт, ки замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои миллат ҷавонон ва варзишгарон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Пешвои миллат вобаста ба ин, зимни ироаи Паёмашон ба парлумони кишвар ёдовар шуданд, ки «Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем».
Ҳамзамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуданд. Дар интиҳо барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ бо сурудҳои саршор аз тараннуми Ватан ва ҷавонӣ дар иҷрои ситораҳои санъати эстрадаи тоҷики кишвар ва вилоят пешкаши иштирокдорон гардонида шуда, ба кори чорабинӣ ҳусни тароват хосса зам намуд.
Ҷавонон дар ин рӯз бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи сартосари таҳти сурудҳои рақси ва ватандорию ҷавонӣ мерақсиданду чапак мезаданд. Ин чорабинӣ то дер хотири аҳли нишаст хосса ҷавононро болида гардонид.