Имрӯз, 24 апрел, дар Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар якумин “Фестивали намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон – 2024″ баргузор гардид.
Дар фестивал муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати маориф вилоят, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”, намояндагони макотиби олии хориҷи кишвар ва хонандагони синфҳои болоии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ширкат варзиданд.
Дар ин рӯз намояндагони 14 давлати дунё ва 40 донишгоҳи олии хориҷи кишварро бо ба ҷо овардани анъана ва урфу одати тоҷикона гарму самимӣ бо суруду мусиқӣ дар саҳни театр истиқбол гирифтанд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ аз ҷониби муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳадаф аз баргузории Форум шартнома оид ба таҳсил, табодули таҷриба миёни макотиби олии кишвар бо донишгоҳҳои хориҷ мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон