Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамоиши минтақавӣ дар мавзуъи «Рушди сайëҳии экологӣ дар вилояти Хатлон» баргузор шуд.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, масъулони бахши сайëҳии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, намояндагони дигар сохторҳои дахлдор ва доираи васеъи ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои сайëҳии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон дар рушди дигар соҳаҳа заминаи устувор мегузорад.
Дар вилояти Хатлон бо назардошти доштани зарфиятҳои зиëди табиӣ барои тараққӣ додани соҳаи сайëҳӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад. Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон» аз мавзеҳо мувофиқ барои тараққӣ додани сайëҳии экологӣ ба ҳисоб меравад. Таъсиси ширктҳои сайëҳӣ, ҷорӣ намудани хатсайрҳои нав ва ҷалби бештари сайëҳон ба вилояти Хатлон муҳим ва ҳатмӣ шуморида шуд.
Раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод аз имтиëзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар самти ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайëҳӣ, аз ҷумла 5 соли аввал фаъолият озод будан аз пардохти андоз, озод будан аз пардохти боҷи гумрукӣ зимни ворид кардани таҷҳиҳизоти зарурӣ барои бунëди инфрасохтори сайëҳӣ ëдовар шуда, истифодаи самараноки ин имкониятро муҳим ва ҳатмӣ шуморид.
Донистани забонҳои хориҷӣ барои кормандони ширкатҳои сайëҳӣ, иншооти хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхонаҳо ва ғайра асоси пешрафти соҳа дониста шуд. Заминаи пешрафти соҳаи сайëҳӣ тозагии муҳити зист мебошад. Дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки тозагии мамлакат аз тозагии хонаву дар ва маҳалли зисти ҳар як шаҳванд маншаъ мегирад.
Аз ин рӯ ҳар як сокини ҷумҳурӣ бояд дар тозагии диëр саҳми худро гузорад. Сипас миëни роҳбарияти Кумитаи рушди сайëҳӣ ва иштирокчиëни ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин замина барои пешрафт ва бештар тараққӣ додани соҳаи сайëҳӣ, инчунин амалӣ намудани нақшаву чорабиниҳои нав пешниҳодоти мушаххас ироа гардид.
Таъсис додани бахшу шуъбаҳои рушди сайëҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо асоси пешрафти соҳа ҳисобида шуд.
Барои хизматҳои арзанда дар соҳаи сайëҳӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо сипосномаи Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Сипас иштирокдорони чорабинӣ аз намоиши лавозимоти сайëҳӣ ва дастовардҳои соҳа дар ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.
Дар доираи ҳамоиши минтақавӣ дар мавзуи «Рушди сайëҳии экологӣ дар вилояти Хатлон» иштирокдорон аз мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дидан намуданд. Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар ноҳияи Дӯстӣ зиëда аз 50 ҳазор гектарро дар бар мегирад, ки аз он 15 ҳазор гектараш ҷангалзор, 4 ҳазор гектараш кӯл, боқимонда туғайзор, теппа ва биëбон мебошад.
Дар мамнуъгоҳ беш аз 50 намуд паранда, ҳайвоноти нодир ва хазандаҳо сукунат мекунанд. Дар кулҳои мамнуъгоҳ 20 намуд моҳӣ мавҷуд аст. Баргузории ҳамоиш ва ташкили хатсайри сайëҳӣ дар рушди соҳаи сайëҳии ноҳияи Дӯстӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.