ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ 9.07.2019, №205

Оид ба Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2023

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, баён доштанд, ҷиҳати таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мутобиқи моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” қарор мекунам:

1. Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2023 тасдиқ карда шавад. (замима мегардад).

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдори вилоятӣ, вазифадор карда шаванд, ки бобати вусъат бахшидан ба рушди ин соҳа чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, аз натиҷаи он ҳар нимсола ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ахборот пешниҳод намоянд.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси вилоят вогузор карда шавад.

Раис Қурбон Ҳакимзода

“Замима”

бо қарори раиси вилояти Хатлон

аз 9 июли соли 2019, №205

тасдиқ карда шудааст.

Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2023

  1. Муқаддима

Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ барои солҳои 2019-2023 минбаъд (Барнома) бо мақсади рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт, иҷрои барномаи озуқаворӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, зиёд намудани гӯшти парҳезӣ ва муинаи қиматбаҳои харгӯш таҳия мегардад.

Харгӯшпарварӣ яке аз соҳаи зудрас ва сердаромади кишоварзӣ ба шумор меравад. Рушди ин соҳа барои таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ ва соҳаи саноат бо пӯсту мӯина мусоидат менамояд. Дар баробари дигар соҳаҳо харгӯшпарварӣ дар аксари давлатҳои Аврупо ба монанди Италия, Франсия, Испания ва Олмон рушд ёфта, барои афзун намудани истеҳсоли гӯшти парҳезии он диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад ва ба гӯшти парҳезии харгуш хеле диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Дар давлатҳои тараққиёфта ин намуди гӯшт нисфи зиёди реҷаи гӯштиро таъмин менамояд. Мӯинаи харгӯшро дар шакли аслӣ ё рангкарда ба кор мебаранд. Муинаи харгӯш дар бисёр давлатҳо талаботи калон дорад. Дар баробари гӯшти харгӯш инчунин ба муина диққати калон медиҳанд. Муинаи ангории харгӯш даҳ маротиба гармтар ва чор маротиба сабуктар аз муинаи гӯсфанд мебошад, барои ҳамин талаботи калон дорад. Тибиташ барои маҳсулоти трикотажи, пӯсташ барои истеҳсоли пойафзол истифода бурда мешавад.

Яке аз зотҳои сернасл зоти сафеди азимҷусса мебошад. Онҳо дар як зоиш 8 то насл дода зуд калон мешаванд.

Зоти дигари азимҷуссаи хокистаранг буда самти он гӯштию пӯстӣ мебошад. Ин зоти харгӯшҳоро дар минтиқаҳое, ки иқлими мусоид доранд парвариш намудан лозим аст. Зоти нилигуни венагӣ барои пӯст парвариш карда мешавад. Дар шакли аслӣ беранг истифода мебаранд, вазни миёна 4,5 кг ро ташкил дода, дар як зоиш то 8 насл медиҳад. Зоти нуқрагӣ вазнаш 4,5 кг, дар як сол 8-9 маротиба насл медиҳад.

Зоти сиёҳи хокистарранг зоти сергӯшт буда, то 5 кг вазн мегирад. Онҳо дар як зоиш 8-9 сар насл медиҳанд. Як харгӯши модина дар як сол 4-7 маротиба мезояд. Дар як сол аз 1 сар харгӯши модина то 30-40 сар насл гирифтан мумкин. Дар як моҳагӣ вазни онҳо аз 450 гр то 700 гр мерасад.

Гӯшти харгӯш парҳезӣ буда, пӯст ва муинаи он барои саноат ҳамчун ашёи хом истифода мешвад. Муинаи харгӯшро дар шакли аслӣ ба кор мебаранд. Тибиташ барои коркарди маҳсулоти трикотажи, пӯсташ барои истеҳсоли пойафзол истифода мешавад. Гӯшти харгӯш парҳезӣ буда, дар таркиби он миқдори зиёди сафеда мавҷуд буда, холестерини он кам мебошад.

Гӯшти харгӯшро ҳангоми бемориҳои рӯдаю меъда ва вайроншавии вазифаҳои рагҳои хунгард истифода мебаранд.Гӯшти харгуш қабл аз ҳама гӯшти лазизу парҳезӣ буда, беҳтарин гӯшти шинохта шуда аст. Вай дар таркиби худ унсурҳои органикӣ дорад, ки барои организми инсон басо муфиду манфиатбахш ва зудҳалшаванда мебошанд.

Дар давлатҳои Аврупо ба монанди Италия, Франсия, Испания ва Олмон ба гӯшти парҳезии харгӯш хеле диққати ҷиддӣ дода, ин соҳаро ҳаматарафа ривоҷу равнақ дода истодаанд.

Гӯшти харгӯшро одатан ба бозор аз рӯи синну сол – 2 моҳагӣ 600-800 гр, 3 моҳагӣ – 1000-1300 гр ва 4-5 моҳагӣ аз 1400 гр то 2 кг ба фурӯш мебароранд. Буи хушу ранги гуворо, нарму камравған, кам устухону хушхур мебошад. Вале на ҳама дар бораи хусусиятҳои табобатии он маълумоти комил дорад.

Маълум аст, ки зиёд будани ҳуҷайраҳо дар рагҳо хосияти серғизогии гӯштро меафзояд. Гӯшти харгӯш дар таркибаш ба ҳисоби миёна 85% ҳуҷайрахои рагӣ дорад, ки ин нисбат ба гӯшти ҳайвоноти шохдори хурду калон ва паррандаҳо хеле зиёдтар мебошад.Таркиби кимиёвии гӯшти харгӯш хам нисбат ба гӯшти ҳайвоноти дигари хоҷагии қишлоқ дорои сафедаҳо, минерал ва витаминҳо бештар буда, камтар холестерин дорад, ки ин моҳияти табобати онро зиёд мекунад. Ин гӯшт чун гӯшти мурғу ҷавона (буқа) сафедранги мармарин аст. 21,5% сафеда дорад, ҳол он ки гӯшти гӯсфанд дорои 16,4%, гов, асп ва мурғ 20% мебошанд.

Гӯшти харгӯшҳои 3-5 моҳа аз нуқтаи назари ғизоятӣ дорои 150-190 ккал буда, харгушон нисбатан калонтар дорои 300 ккал мебошанд. Дар таркиби сафедаҳои ин гӯшт бошад, 19 аминакислотаҳои манфиатбахш пайдо карда шуда аст.

Аз хама муҳиму зарур он аст, ки ин аминакислотаҳо ҳангоми пухтан ба ҳарорати баланд тобовар буда, тағйир намеёбад. Диққат ҷалбкунанда он аст, ки дар таркиби аминакислотаҳои гӯшти харгӯш лизин, метиотин, триптофан барин унсурҳои кимиёвие вуҷуд доранд, ки барои организми инсон басо заруру муфид мебошанд. Дар хусуси боигарии минералу витаминҳо бошад, ягон гӯшт бо гӯшти харгӯш баробар шуда наметавонад.

Дар вилояти Хатлон соҳаи харгӯшпарварӣ метавонад дар рушди иқтисодиёти вилоят ба монанди соҳаҳои мухталафи соҳаи чорводорӣ мавқеи муайянро ишғол намояд. Шароити табии вилояти Хатлон барои тараққи додани харгӯшпарварӣ мусоидат менамояд.

  1. Вазъи харгӯшпарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъда

Мутобиқи маълумотҳои оморӣ то солҳои 90-уми асри гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 300 ҳазор сар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон зиёда аз 100 ҳазор сар харгӯш парвариш меёфт. Дар вилояти Хатлон асосан зоти харгӯши сафеди азимҷусса парвариш карда мешуд. Ин зот яке аз зотҳои сернасл буда, дар як зоиш то 8-то насл дода, онҳо зуд калон мешаванд. Вилояти Хатлон солҳои 2011-26273, 2012-28996, 2013-34025, 2014-34440, 2015-36001, 2016-35821, 2017-36353, 2018-36975 ва ба ҳолати 1 июни соли 2019 -37298 сар харгӯш дар бахши аҳолӣ парвариш ёфта истодааст. Дар давраи солҳои 1992-2006 харгӯшпарварӣ рӯ ба таназзул ниҳода саршумори он сол то сол кам гардид. То соли 2008 дар саросари вилоят дар бахши аҳолӣ ҳамагӣ 2000 сар харгӯш ба ҳисоб гирифта шуда асту халос.

Аз соли 2010 сар карда дар бахши аҳолӣ ба ин соҳа аз сари нав диққат зоҳир намуда, саршумори харгӯш сол то сол зиёд гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки соҳаи харгӯшпарварӣ асосан дар сектори аҳолӣ рушд ёфта, айни замон дар миқёси вилоят 15-20 ҳазор хонаводагиҳо ба парвариши харгӯш машғул мебошанд.

3. Зарурияти қабули Барнома

Барнома барои зиёд намудани саршумор ва афзун намудани истеҳсоли гӯшти парҳезӣ, пуст ва муинаи қиматбаҳо, бо роҳи ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона гардидааст.

Барнома иҷрои вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

— зиёд намудани саршумори харгӯш дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, махсусан дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ;

— афзун намудани истеҳсоли гӯшти парҳезӣ, пӯст ва мӯинаи қиматбаҳои харгӯш;

— пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба беҳтар намудани зоти харгӯш ва офаридани зотҳои нави сермаҳсули ба шароити вилоят мутобиқбуда;

— мустаҳкам намудани базаи хӯрока, самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ;

Бо мақсади зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа харидорӣ ва дастрас намудани харгӯшҳои зотӣ бо мақсади таъмини хоҷагиҳои навтаъсис, инчунин ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ оид ба парвариши самараноки харгӯш дар назар аст.

4. Амалигардонии Барнома

Таъмини иҷрои Барнома ва рушди соҳаи харгӯшпарварӣ ба ҳалли масъалаҳои зерин вобастаанд:

— таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷалби аҳолӣ барои парвариши харгӯш;

— баланд бардоштани самарнокии корҳои илмию тадқиқотӣ дар самти офаридани зоти нав;

— ҷудо намудани замин, аз ҷумла чарогоҳҳо ба хоҷагиҳои харгӯшпарварӣ;

— ташкили сехҳои хурди коркарди маҳсулоти харгӯш, аз ҷумла пӯст ва мӯинаи қимматбаҳои он;

— андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои навтаъсис бо харгӯшҳои сермаҳсул;

— тайёр намудани мутахассисони соҳаи харгушпарварӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

— ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ барои рушди соҳа ва пешбурди корҳои илмӣ тадқиқотӣ;

— мустаҳкам намудани базаи моддию-техникӣ соҳа ва ҷорӣ намудани технологияи замонавӣ;

— дастгирии иттилоотӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои фермерӣ, инчунин гузаронидани конфренсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва нашри адабиётҳои таълимию-методӣ.

5. Маблағгузории Барнома

Маблағгузории Барнома аз ҳисоби мабалғҳои озоди буҷетӣ дар доираи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ, қарзҳои бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, грантҳои ташкилотҳои байналмиллалӣ ва сарчашмаҳои худӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон барои амалишавии Барнома ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ дар назар аст.

Related Articles