МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ГУБЕРНАТОРИ МУЗОФОТИ ШЕНСИИ ЧИН

Рӯзи 5 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ҷао Ган мулоқот анҷом дод.

Баррасии раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки тоҷикию чинӣ дар вилояти Хатлон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шенсии Чин дар меҳвари мулоқоти мазкур қарор дошт.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин аз қадим муносибатҳои анъанавии дӯстона роҳандозӣ шуда, он ҳанӯз аз замони Роҳи бузурги абрешим сарчашма мегирад.

– Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон Чинро ҳампаймони боэътимод, шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи неки худ меҳисобад, мо мекӯшем, ки дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Сӣ Ҷин Пин имзошуда ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоиро вусъат бахшем, – қайд кард Давлаталӣ Саид. – Дар натиҷаи равобити хуби ҷонибҳо тайи солҳои охир ҳайатҳои ҳар ду кишвар ба минтақаҳои ҳамдигар сафарҳои корӣ анҷом доданд, бо мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратӣ перомуни рушди ҳамкориҳо табодули назар ва таҷриба сурат гирифт.

Давлаталӣ Саид афзуд, ки вилояти Хатлон бо минтақаи Шенсӣ ва ширкатҳои мухталифи Чин ҳамкории самараоварро ба роҳ мондааст. Бо ҷалби сармояи чинӣ дар ноҳияи Ёвон ду корхонаи истеҳсоли сементи «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Ҷунгтай Моҳир семент» бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна фаъолият мекунад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ хати интиқоли барқи «Лолазор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои транзити неруи барқи Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигар муҳим аст.

Аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ҳудуди ноҳияи Данғара низ корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бунёд гардиданд. Ширкатҳои кишоварзии Чин имрӯзҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хатлонӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ фаъолияти пурсамар дошта, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории вилоят гузошта истодаанд. Дар ноҳияи Данғара боғи дӯстии Тоҷикистону Чин бунёд гардидааст.

Дар натиҷаи густариши равобити вилояти Хатлон бо минтақаҳои Ҷумҳурии Халқии Чин сол аз сол ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот афзоиш меёбад. Гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин танҳо дар солҳои 2023-2024 зиёда аз 232 миллион доллари амрикоӣ ва дар чор моҳи якуми соли ҷорӣ 5 миллион долларро ташкил додааст. Асосан аз вилояти Хатлон ба Чин калобаи ресандагӣ ва пахта содирот шуда, ба вилоят воситаи нақлиёт, таҷҳизот ва молҳои ниёзи мардум ворид мегарданд.

Губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Чин Ҷао Ган барои пазироии самимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон миннатдорӣ баён намуда, доир ба раванди иҷрои лоиҳаҳои муштарак сухан гуфт. Мавсуф афзуд, ки музофоти Шенсӣ на фақат ба тавсеаи равобити анъанавӣ, ҳамчунин ба баррасии мавзуъҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиёти рақамӣ, технологияҳои муосири истеҳсолӣ, ташкили таҷрибаомӯзии мутахассисони корхонаҳои саноатӣ, нанотехнологияҳо, саноати кимиёӣ, илму маориф низ алоқаманд аст.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсии Чин Протокол «Дар бораи нияти рушди муносибатҳои бародарона» (соли 2015) ва Меморандум дар бораи барқарорсозии муносибатҳои бародарона (4 сентябри соли 2017) ба имзо расидааст. Шаҳри Вэйнани музофоти Шэнсӣ ва ноҳияи Данғараи Тоҷикистон бародаршаҳр мебошанд.

Қобили зикр аст, ки Чин калонтарин сармоягузор ва калонтарин шарики тиҷоратии Точикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани кишварҳо, инчунин дар мавҷуд будани потенсиали муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад.
Дар идомаи мулоқот раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Чин Ҷао Ган Шумин доир ба масъалаҳои ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғпарварӣ, ташкили маркази забономӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи саноат ва ҳамчунин ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Чин табодули назар карданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles