Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Ховалинг аз ҷараёни сохтмони 10 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои камбизоат ва бесаробон дар деҳаи “Айлодара”- и Ҷамоати деҳоти ба номи “Ғаффор Мирзо” дидан намуд.
Сохтмони ин хонаҳо дар доираи иқдоми башардӯстона бо дастгирии молиявии Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” ба роҳ монда шуда, ба оилаҳое бахшида мешавад, ки саробони худро аз даст додаанд ва дар шароити сахти иҷтимоӣ бо фарзандони ноболиғ умр ба сар мебаранд.
Тибқи лоиҳа, ҳар як хонаи истиқоматӣ аз се ҳуҷра, ҳаммом ва долон иборат буда, бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Хонаҳо бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароити заруриро барои зиндагии арзанда фароҳам месозанд. Дар ҷараёни сохтмон зиёда аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи хонаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманд, хусусан оилаҳои камбизоат ва бесаробон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, ба масъулон дастур дода шуд, ки ҷиҳати анҷоми босифати корҳои боқимонда ва мавриди истифода қарор додани хонаҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон