Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои саҳроӣ, бахусус раванди ҷамъоварӣ ва дарави хӯроки чорво дар хоҷагии деҳқонии “Далер-90”-и Ҷамоати деҳоти Сафобахш дидан намуданд.
Зимни боздид Давлаталӣ Саид бо деҳқонон, мутахассисон ва кормандони соҳаи кишоварзии маҳаллӣ суҳбату мулоқоти самимӣ доир намуда, ба заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби тағйирёбии иқлим ва камбуди манбаъҳои об, ҷамъоварии саривақтии хӯроки чорво ва захираи кофии он яке аз ҷузъҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи чорводорӣ маҳсуб меёбад.
Дар саҳроҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сафобахш бахусус хоҷагии деҳқонии “Далер-90” айни ҳол маъракаи ҷамъоварии хӯроки сабзи чорво, аз ҷумла беда ва ҷави сабз, бо вусъат идома дошта, кишоварзон барои таъмин намудани хоҷагиҳои худ бо хӯроки зарурӣ талош меварзанд. Тибқи иттилои масъулин, танҳо дар ин мавсим деҳқонон ният доранд, ки зиёда аз 500 тонна хӯроки чорворо ҷамъоварӣ ва ба анборҳо захира намоянд, ки ин нишондиҳандаи рушди қобили мулоҳиза дар бахши кишоварзии ноҳия мебошад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулин ва кишоварзон ба самтҳои афзоиши ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири агротехникӣ ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат таъкид намуда, дастур доданд, ки бо мақсади таъмини саривақтии чорво бо хӯрок, назорат аз болои равандҳои ҷамъоварӣ, интиқол ва нигоҳдории маҳсулот таҳким бахшида шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилоят Хатлон