БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БАЛАНДСАР”

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Баландсар”, воқеъ дар деҳаи “Дараи Мухтор”-и ҷамоати деҳоти Ҷомбахт боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид раиси вилоят аз заминҳои кишоварзии хоҷагӣ, ки роҳбари он деҳқони меҳнатдӯст ва собиқадор Ҳабибулло Саидов мебошад, дидан намуда, бо ҷараёни истифодаи замин ва парвариши зироатҳо шинос шуданд. Тибқи иттилои пешниҳодгардида, хоҷагии деҳқонии “Баландсар” дар ихтиёри худ 4 гектар замин дошта, дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 1,5 гектар ғалла, 1 гектар чарогоҳ ва 1,5 гектар боғ бунёд карда шудааст. Айни ҳол меваи гелос пухта расида, барои фурӯш ба бозори истеъмолӣ омода мегардад.

Раиси вилоят зимни боздид ба фаъолияти саҳмдорон ва роҳбари хоҷагӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, самаранок истифода бурдани замин, парвариши дурусти боғу зироат ва рӯёнидани 2–3 ҳосил дар як сол, дастуру маслиҳатҳои судманд ироа намуданд.

Дар хоҷагии деҳқонии “Баландсар” феълан 4 нафар саҳмдор фаъолият дошта, бо меҳнати поквиҷдонона барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилоят Хатлон

Related Articles