ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар бораи баргузор намудани даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар вилояти Хатлон

Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-711 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ҳамзамон ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қ а р о р   м е к у н а м:

  1. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-711 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта шавад.
  2. Ҳайати Комиссия ва ҷоизаҳои ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  3. Раёсатҳои фарҳанг, маориф, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иҷрои саривақтӣ ва дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангии ҳудуди вилоят иҷрои талаботи амри болозикрро таъмин намуда, ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯӣ карда, ғолибони даврҳои якум ва дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
  5. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба дастгоҳи раиси вилоят ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии сатҳи вилоятӣ аз ҳисоби маблағҳои дар харҷнома пешбинигардидаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон барои озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2025 ба маблағи 594100 (панҷсаду наваду чор ҳазору сад) сомонӣ ҷудо намояд.
  6. Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳисобот пешниҳод намояд.
  7. Қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2024, №3 оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, АП -479 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар вилояти Хатлон» аз эътибор соқит карда шавад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси вилоят, сарпарасти соҳа ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон гузошта шавад.

         Раиси вилоят                                                         Давлаталӣ 

Related Articles