ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН БА НОМИ ДАВЛАТМАНД ХОЛ НОМГУЗОРӢ ШУД

Рӯзи 12 декабр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят, баргузор гардид.

Дар қисмати маъалаҳои ҷорӣ қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 25 сентябри соли 2024, №502 «Дар бораи номгузорӣ намудани Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Хол Давлатманд» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба ин масъала мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №609 «Дар бораи тасдиқи Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ» ва моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарор қабул кард.

Ҳама вакилон якдилона овоз доданд ва Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Хол Давлатманд гузошта шуд.

Бояд зикр намуд, ки Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва иштирокчии даҳҳо фестивалҳои минтақавию байналмилалӣ устод Давлатманд Хол дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор рафта, давоми умри бобаракат оҳангҳои зиёди руҳбахш эҷод намуда, мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷу равнақ бахшид, шогирдони зиёдеро дар ҷодаи санъат ба воя расонида, аз хеш номи неку ҳунари воло ба мерос гузошт.

Устод Давлатманд Хол, бешак фалаксароиро равнақ бахшид, мактаби шоиста бунёд намуд, шогирдони зиёдеро ба камол расонид ва дар ташаккулу рушди фалаксароӣ хидмати бемисл намуд. Вай бо ишқи фалак зиндагӣ менамуд, нафас мекашид ва илҳом гирифта, суруд эҷод мекард. Ҳамин сабаб шуд, ки ӯ силсилаи оҳангҳои фалакиро ба адвори мусиқӣ ворид намуд ва бо камоли ифтихор худро ҳамчун фалаксаро дар ҷаҳон машҳур намуд. Вай борҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фаронса, Амрико, Голландия, Англия, Ҳиндустон, Покистон бо ҳунари фалаксароияш толорро ба ваҷд оварда, номи тоҷикро баланд бардошта буд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles