ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТ ХАТЛОН

Дар бораи баргузор намудани даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар вилояти Хатлон

Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-710 дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ҳамзамон амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навъоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар соли 2025, мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қ а р о р  м е к у н а м:

  1. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-710 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷиҳати иҷро ба роҳбарӣ гирифта шавад.
  2. Ҳайати Комиссия ва ҷоизаҳои ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  3. Раёсатҳои кор бо занон ва оила, рушди иқтисод, савдо ва мониторинг, маориф, фарҳанг, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
  4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди вилоят иҷрои талаботи амри болозикрро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспиранту докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навъоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибони Озмунро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
  5. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба дастгоҳи раиси вилоят ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии сатҳи вилоятӣ аз ҳисоби маблағҳои дар харҷнома пешбинигардидаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон барои озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2025 ба маблағи 800230 (ҳаштсад ҳазору дусаду сӣ) сомонӣ ҷудо намояд.
  6. Роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳисобот пешниҳод намояд.
  7. Қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2024, №1 оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, АП -481 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар вилояти Хатлон аз эътибор соқит карда шавад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси вилоят, сарпарасти соҳа ва роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон гузошта шавад.

Раиси вилоят                                                         Давлаталӣ Саид

Related Articles