Дар шаҳри Норак ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ ҷараён дорад.
Ҷаласаро муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ифтитоҳ бахшида, доир ба рафти амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 дар вилояти Хатлон сухан гуфт.
Дар ҷаласа ҳамчунин раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар шаҳри Норак ибрози назар кард.
Аъзои Шуро доир ба натиҷаҳои мониторинги гурӯҳи корӣ, саҳми Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзӯи ҷаласа гузоришҳои масъулини Вазорати маориф ва илм, Раёсати маорифи вилоят, намояндагони БОҶ СММ дар Тоҷикистонро шуниданд.