ОМОДАГӢ БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТ

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳияи Ёвон 200 бех ниҳоли ороишӣ, дар гулгаштҳо 11 ҳазор бех гули садбаргу лола ва 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинондаанд. Инчунин, маркази ноҳия бо зиёда аз 700 шиору овеза зинат дода шуда, 6500 метр ҷӯйборҳо аз партов тоза гардидааст.

Субҳон Ёров, сардори идораи коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки масъулини ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркуниро вусъат бахшида истодаанд. Дар асоси нақшаи корӣ, ба муносибати 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ, марказҳои фарҳангии ҷавонон ва чойхонаҳои ҷамъиятии ноҳияи Ёвон барномаҳои гуногуни оммавӣ, конфронсу суҳбатҳо, озмуну маҳфилҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд. Ёдрас мекунем, ки сокинони вилояти Хатлон имсол 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар ноҳияи Ёвон ҷашн мегиранд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11