ТАҚДИМИ ТУҲФА ВА МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ЯТИМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Имрӯз, 30 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо як гурӯҳ ятимони кулл мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд.

Нахуст раиси вилоят онҳоро ба Соли нави мелодӣ табрик гуфта, зикр намуданд, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Бо давра ба давра таҳким бахшидани муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарасторе, ки бо амри тақдир аз падар ё модар маҳрум мондаанд, сатҳу сифати нигоҳубини онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба маротиб беҳтару хубтар мешавад ва ин раванд оянда низ идома меёбад.

Хурсандиовар аст, ки дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз тарафи шахсони алоҳида ба ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд пайваста кӯмак расонида мешавад.

Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба 34 нафар ятимони кулл либоси зимистона ва шириниҳо тақдим гардид.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назари худ қарор дода, то ба ҳаёти мустақил гусел кардан, нигоҳубин менамояд. Барои зисту таҳсили онҳо, илму касбомӯзиашон тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.

Ятимон зимни суҳбат ваъда доданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоиди барояшон фароҳамшуда, савияи дониши хешро боз ҳам баланд бардошта, дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, барои ватан хизмат менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки санаи 25 декабр тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Роҳбари давлат ба 189 нафар таълимгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони кулли ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳо расонида шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles