ДАР ШАҲРИТУС ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИДОМА ДОРАД

ШАҲРИТУС, 18 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Қудрат» шинос шуда, аз раванди истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Қудрат» дар масоҳати умумии 45 гектар ташкил гардида, хоҷагидорон бо мақсади самаранок истифода намудани замин ва ба даст овардани ҳосили фаровон дар қитъаҳои замин зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш менамоянд.

Дар соли ҷорӣ дар хоҷагӣ дар майдони 28 гектар пунбадона кишт карда шудааст. Ҳамзамон, дар 6 гектар ҷуворимакка барои дон, 3 гектар пиёзи барвақтӣ, 4 гектар боғ ва 4 гектар юнучқа парвариш карда мешавад.

Гуногунсамтии кишти зироатҳо дар хоҷагӣ ба истифодаи самараноки замин, таъмини гардиши кишоварзӣ ва гирифтани маҳсулоти гуногун мусоидат менамояд. Аз ҷумла, парвариши пахта ҳамчун яке аз зироатҳои муҳими кишоварзӣ дар хоҷагӣ идома дошта, айни замон корҳои ҷамъоварии ҳосили он ба роҳ монда шудаанд.

Дар мавсими кишт ва иҷрои корҳои саҳроӣ 40 нафар сокинони ноҳия ба кор ҷалб гардидаанд. Ба ин васила фаъолияти хоҷагӣ дар баробари рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ба таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи шуғли сокинони маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ ба масъалаи истифодаи оқилона ва самараноки замин, риояи талаботи агротехникӣ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки дар марҳилаи ҷамъоварии ҳосил зарур аст имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода гардида, корҳои саҳроӣ дар муҳлатҳои муайяншуда ва бе талаф анҷом дода шаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles