ҶОМӢ, 27 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта иштирок намуда, бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини соҳаи кишоварзӣ суҳбати корӣ анҷом доданд.
Зимни иштирок дар маъракаи пахтачинӣ раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта шинос шуда, ба масъалаҳои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнидашуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои саривақтии дурнамои истеҳсол ва ҷамъоварии пахта барои рушди иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани саҳми соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.
Сипас, раиси вилояти Хатлон бо раисони ҷамоатҳо ва масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия суҳбати корӣ доир намуда, вазъи иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахтаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳои ташкиливу соҳавӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, сафарбар намудани қувваи корӣ ва суръат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосили пахта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, зарурати таҳти назорати доимӣ қарор додани раванди пахтачинӣ, истифодаи самараноки рӯзҳои мусоиди обу ҳаво ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз талафоти ҳосил таъкид гардид.
Раиси вилоят масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки барои иҷрои пурраи дурнамои пешбинишудаи ҷамъоварии пахта тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва таъмини натиҷаҳои назаррас дар ин самт чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

