ҶОМӢ, 27 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳраки Хоҷамастон бо лоиҳа ва макони бунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бунёди Нишони давлатӣ дар самти ободонии маҳал ва зебо гардонидани муҳити зист аҳамияти муҳим дошта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ замина мегузорад.
Таъкид гардид, ки Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ буда, таҷассумгари таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Раиси вилояти Хатлон ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дастуру супоришҳо доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

