ҶОМӢ, 27 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳраки Хоҷамастон муассисаи томактабии №3-ро баъди таъмиру азнавсозии пурра мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи мазкур дар доираи татбиқи «Барномаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо харҷи 1 миллиону 916 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, ба рушди қобилияту истеъдоди насли наврас аз синни хурдсолӣ замина мегузорад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо шароити муассиса бо мураббиён ва тарбиятгирандагон суҳбат намуда, ба масъулин дастур доданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки кӯдаконро дар руҳияи илмомӯзӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намуда, барои инкишофи тафаккур ва қобилияти зеҳнии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

