ҶОМӢ, 27 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз раванди мумфаршнамоии роҳи мошингарди деҳаи Кӯшонободи Ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр боздид намуданд.
Роҳи мазкур аҳамияти маҳаллӣ дошта, дарозии он 1,4 километрро ташкил медиҳад. Корҳои омодагӣ ҷиҳати таъмиру мумфарш намудани роҳ бо ташаббус ва дастгирии сокинони маҳал аз моҳҳои август–сентябри соли 2026 оғоз гардида, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ равона шудааст.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки татбиқи ин иқдом дар беҳтар гардидани ҳолати роҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мусоидат менамояд. Мумфарш шудани роҳи мазкур на танҳо мушкилоти мавҷудаи сокинони деҳаи Кӯшонободро осон мекунад, балки барои рафтуомади сокинони деҳаҳои ҳамсоя ба маркази ноҳия ва ноҳияи Ёвон низ шароити беҳтар фароҳам меорад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сокинони маҳал суҳбат намуда, ташаббуси онҳоро дар самти ободонии маҳал ва рушди инфрасохтори роҳ шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки саҳми сокинон дар таъмиру мумфаршкунии роҳҳо нишонаи масъулиятшиносӣ, ҳамбастагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ буда, барои ободонии маҳал ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Иқдоми сокинони деҳаи Кӯшонобод намунаи ҳамкории созандаи аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ба шумор рафта, дар рушди робитаҳои нақлиётӣ ва осон гардидани рафтуомади сокинони минтақа саҳми арзанда мегузорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

