Имрӯз, 30 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар шаҳри Левакант дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Кишоварзони шаҳри Левакант мужда доданд, ки аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта пурра баромаданд. То имрӯз пахтакорони ноҳия беш аз 2 ҳазору 524 тонна «тиллои сафед»-ро ба корхонаҳои коркард супурдаанд, ки 107 фоизро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулон ва пахтакорон дар ҶДММ «Абдуллоҷон» барои ҷамъоварии босифат ва беталафи пахта изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуданд, ки то ба охир расидани мавсим тамоми ҳосил бояд ҷамъоварӣ гардад ва саҳми ноҳия дар рушди саноатикунонии кишвар бештар шавад.
Дурнамои 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол 266200 тонна мебошад, ки ба ҳолати 26 октябр 155905 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин баробари 59 дарсади дурнамои солона мебошад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то ин имрӯз 2 шаҳр – Бохтар ва Левакант пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

