ДАНҒАРА, 30 октябр. Дар ноҳияи Данғара бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки зимни он сокинон масъалаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва мушкилоти рӯзмарраи худро ба миён гузоштанд.
Дар рафти қабул шаҳрвандон асосан оид ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷудаи маҳалли зист муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, сокинон ҷиҳати бунёди бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва боғчаи бачагона дар маҳалли зисти худ пешниҳодҳо манзур карданд.
Ҳамзамон, масъалаи тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва беҳтарсозии ҳолати онҳо низ аз ҷониби муроҷиаткунандагон ба миён гузошта шуд.
Дар баробари ин, як қатор шаҳрвандони ниёзманд, аз ҷумла шахсони дорои маъюбият, барои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва таъмин шудан бо аробачаи маъюбӣ ба раиси вилоят муроҷиат намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳар як муроҷиатро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулони дахлдор ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаҳои пешниҳодшуда ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳалли онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки масъулони мақомоти маҳаллӣ бояд дар ҳамкорӣ бо сокинон корҳои ободонию созандагиро тақвият бахшида, барои тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллу деҳот, беҳтар намудани вазъи санитарӣ ва ободонии муҳити зист тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Қабули шаҳрвандон бо иштироки роҳбарияти вилоят яке аз воситаҳои муҳими робитаи мустақим бо аҳолӣ ба шумор рафта, барои сари вақт ошкор намудани мушкилоти мавҷуда, баррасии муроҷиатҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинон мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

